МУЛОҚОТИ ХУ СЗИНТАО БО ОҚИЛ ОҚИЛОВ

Август 27, 2008 16:35

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Раиси давлати Чин Ху Сзинтао дар доираи боздиди давлатиаш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми имрӯз, 27 август бо Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тавсиаи ҳамкориии ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин, заминаҳои нави равобит ва густариши гардиши мол байни ин кишварҳо муҳокима шуданд. Ҷонибҳо аз рушди босуръати ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки онро минбаъд дар доираи санадҳои байнидавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ густариш хоҳанд дод. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Раиси ҷумҳурии мардумии Чин Ху Сзинтао 28 август дар маҷлиси Ҷаласаи 8-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок хоҳад кард.

Август 27, 2008 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид