МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ АНҶОМ ЁФТ

Август 29, 2008 14:12

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — 28 август дар Душанбе маҷлиси ҳаштуми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Сарони давлатҳо дар фарҷоми он Эъломияи Душанбе, Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмонро «Дар бораи тасдиқи низомномаи мақоми мамлакатҳои шарик ва ҳамкори СҲШ», Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмонро «Дар бораи тасдиқи маърӯзаи Муншии умумии СҲШ дар бораи фаъолияти созмон дар соли гузашта», Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмонро «Дар бораи тасдиқи маърӯзаи Шӯрои Созмони минтақавии зиддитеррористӣ дар соли 2007» тасдиқ карда, Баёнияи муштаракро имзо намуданд. Дар доираи маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва маводи мунфаҷира», меморандум «Дар бораи асоси муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарокати Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Евразия» ва Созишнома «Дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористӣ имзо шуданд. Раёсати созмон дар соли 2009 ба зиммаи Федератсияи Русия гузошта шуд. Маҷлиси ояндаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ моҳи июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбург баргузор мегардад.

Август 29, 2008 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид