МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБА

Август 29, 2008 09:41

Шоми 28 августи соли 2008 дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт. Дар долони зебою барҳавои Кохи Сомон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро бо ҳусни эҳтирому бародарӣ истиқбол гирифт. Сарони се давлати дӯсту ҳамсоя — Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай оид ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкории сеҷониба ва минтақавӣ, ки барои он заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ муҳайё аст, гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд. Гуфтушуниди сеҷониба нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо дар толори хурди дорои мизи гирд баргузор гашта, сипас дар толори «Тантанаҳо» бо иштироки ҳайатҳои расмии се давлат идома ёфт. Татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ оид ба сохтмони роҳҳо, тунелҳо ва пулҳои автомобилӣ, роҳи оҳани байни се кишвар, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Эрону Покистон аз тариқи Афғонистон ва дигар тадбирҳо дорои аҳамияти ҳаётан муҳим баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардумони минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ маънидод гашт. Таъкид гардид, ки татбиқи ин лоиҳаҳо ҳамчунин ба барқароршавии иқтисодиёти костагаштаи Афғонистон ва ба ҳаёти осоиша равона кардани мардуми он низ мусоидат карда, ба таҳкими амнияту суботи минтақа асоси боэътимод мегузорад. Ҳарсе ҷониб зарурати ташкили як ниҳоди муштараки ҷалби сармояро таъкид намуданд. Масоили сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳи сарони давлатҳо қарор дошт. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои муштарак дар ҳаллу фасли дигар масоили минтақавӣ табодули назар карда шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо ду санади ҳамкории сеҷониба ва як санад байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расид: Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории сеҷониба дар соҳаи энергетика; Тафоҳумнома дар бораи анҷоми корҳои ниҳоии нақби мошингарди Истиқлол байни Тоҷикистону Эрон Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай аз ҷониби сарони давлатҳо барои интишор ба имзо расид. Дар охир сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои гуфтушунидҳои сеҷониба ва тадбирҳои муштараки се кишвари дӯст изҳорот доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Август 29, 2008 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад