НАМОЯНДАИ СААД ДАР МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ИШТИРОК МЕКУНАД
Маскав, 28 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Муовини Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Тӯхтасун Бузубоев дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе иштирок дорад. Вай қабл аз парвоз ба пойтахти Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки ҳамкории СААД ва СҲШ муттасил густариш меёбад. Моҳи октябри соли гузашта созишномаи ҳамкории котиботи СААД ва СҲШ имзо шуда буд. Мувофиқи он котиботи ҳар ду созмон маълумоти заруриро дастраси ҳамдигар гардонда, машваратҳо гузаронида, бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ барномаҳо тартиб дода ва чораҳои зарурӣ меандешанд. Т. Бузубоев изҳор намуд, ки намояндагони Чин, Эрон ва Покистон чандин сол боз дар амалиёти зидди маводи нашъадори – «Канал» иштирок менамоянд.








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






