НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНИ «СИТОРАҲОИ ИНТЕРВИЗИОН» ШИРКАТ МЕВАРЗАД
Дар он ҳунармандони ҷавони Федератсияи Русия ва мамлакатҳои дигари собиқи Шӯравӣ иштирок менамоянд. Имсол дар ин озмун овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова ширкат меварзад. Ӯ дар озмун суруди «Занги телефон» — ро месарояд, ки дар байни мухлисонаш машҳур гардидааст. Ба ҳайати доварони озмун ходимони барҷастаи санъату ҳунар Пӯлод Булбулӯғлӣ, Қудратулло Ҳикматов, Александр Тихонович ва Иосиф Кобзон шомиланд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки озмуни мазкур солҳои аввал дар байни ҳунармандони Русия гузаронида мешуд. Аз соли гузашта сар карда ба он мақоми байналхалқӣ дода шуд. Имсол дар озмун намояндагони 12 мамлакат – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Украина, Тоҷикистон, Туркманистон, Молдавия, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Латвия ширкат меварзанд. Таҳмина Ниёзова соли 1989 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, дар оилаи ҳунарпешагони номӣ ба воя расидааст. Таҳмина набераи овозхони машҳури тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов мебошад. Ҳоло ӯ дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҳсил мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






