НИМПАЙКАРАИ РӮДАКӢ ДАР ДЕҲКАДАИ ШАЙДОН ГУЗОШТА ШУД
Ашт, 27 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар маркази ноҳияи Ашт – деҳкадаи Шайдон нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ дар вазъияти ботантана кушода шуд. Дар он ветеранҳои ҷанг, собиқадорони меҳнат, намояндагони зиёиёни ноҳия ва меҳмонон ширкат варзиданд. Ҷамъомадагонро ба муносибати 1150 – солагии Одамушшуаро раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва раиси ноҳия Давронҷон Зоҳидов табрик намуданд. Дар ҷамъомад профессор Карим Абдулов, шоир Аҳмадҷон Раҳматзод, нависандагон Додоҷон Раҷабӣ, Додохон Эгамзод, Муҳиддин Хоҷаев ва дигарон иштирок доштанд. Муаллифи нимпайкара рассом ва ҳайкалтарош Фирӯз Шарифов мебошад. Барои сохтани он аз буҷети маҳаллӣ 145 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар деҳаи Ҷарбулоқи ноҳия бинои нави мактаби миёнаи № 6 ба истифода дода шуд. Дар ин ҷо 1228 талаба таҳсил хоҳад кард. Сокинони деҳа ва талабагонро ба ин муносибат раиси вилоят Қ. Расулзода ва раиси ноҳия Д. Зоҳидов табрик намуданд. Раиси вилоят ба шарафи оғози соли нави таҳсил ба мактабҳои ноҳия 30 компютер тӯҳфа намуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






