«ОРИЁНБОНК» БА МӮҲТОҶОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Август 27, 2008 15:50

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк» тайи чанд соли охир маъракаҳои хайрия ташкил намуда, дар доираи он ба шахсони мӯҳтоҷ кӯмакӣ моддӣ, молӣ ва маънавӣ мерасонад. ҶС «Ориёнбонк» соли ҷорӣ ба истиқболи ҷашни 17-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати махсуси бачагони чашмашон хира ва қувваи басираашон сусти шаҳри Исфара кӯмаки хайрия расонид. Инчунин, ба баъзе корхонаву муассисаҳо ва шахсони маъюб, аз ҷумла Ширкати хусусии нобиноёни «Меҳрангез», Бунёди хайрияи «Дили кӯдак», иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Н.Ф. Конышев, Т.Д. Мангушева, Л.В. Суздалева, шахсони маъюбу мӯҳтоҷ Фирдавс Саидов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов ва ба шаҳрванд Парвиз Негматуллоев барои табобати духтараш Динора кӯмаки нақдӣ расонд.

Август 27, 2008 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид