ПЕКИН – 2008: ДИЛШОД НАЗАРОВ ВА ЕКАТЕРИНА ИЗМАЙЛОВА ҚУВВАОЗМОИРО ДАВОМ МЕДИҲАНД
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Гулӯлапартои тоҷик Дил-шод Назаров дар бозиҳои олимпӣ ба қисмати хотимавии мусобиқа дар ин навъи варзиш роҳхат гирифт. Ӯ дар гурӯҳи «А» ҳамроҳи 15 варзишгари дигар ҳунарнамоӣ кард. Дил-шод Назаров гулӯларо ба масофаи 75 метру 34 сантиметр партофта, ҷойи панҷумро ишғол намуд. Ин ба ӯ имкон медиҳад, ки муборизаро барои ба даст овардани медал да-вом диҳад. Имрӯз инчунин варзишгари дигари тоҷик, шиновар Екатерина Измайлова ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунад. Вай дар пойгаи 50- метра ширкат меварзад. Е.Измайлова ба гурӯҳи сеюм шомил гардидааст. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки натиҷаҳои беҳтарини ба даст овардаи варзишгарон дар ин намуди варзиш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ мувофиқан 23,97 сония ва 24,13 сония мебошанд. Дар ин масофаи шиноварӣ натиҷаи беҳтарини ба даст овардаи Елена 31 сония аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






