ПЕШНИҲОДИ МАҲМУД АҲМАДИНАЖОД ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ БОНКИ СҲШ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ва Пайрав Назаров). — Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод 28 август дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод кард, ки Бонки Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода шавад. Вай зикр намуд, ки муносибатҳои иқтисодӣ, пулӣ, молӣ ва тиҷоратии мамлакатҳои аъзои созмон дар асоси асъори миллии дохилӣ ба тартиб оварда, қурби пулҳои миллӣ нисбати ҳамдигар бо назардошти меъёрҳои иқтисодӣ муайян карда шавад. Ҳамин тариқ, маблағи зиёди мамлакатҳо нигоҳ дошта ва афзун гардонда мешавад. Баъдан дар қаламрави СҲШ ҷорӣ кардани пули ягона барои рушди тиҷоратро баррасӣ кардан мумкин аст, гуфт М.Аҳмадинажод. Президенти Эрон дар хотима изҳор намуд, ки СҲШ дар ҳалли проблемаҳои иқтисодии минтақа ва муноқишаҳои байналхалқӣ нақши муҳим бозида метавонад. Дар мамлакатҳои аъзои СҲШ аз се як ҳиссаи аҳолии рӯи замин зиндагӣ мекунад, гуфт М.Аҳмадинажод.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






