ПЕШНИҲОДИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУН «ДАР БОРАИ МУФЛИСШАВӢ»

Август 21, 2008 10:38

Директори Ассотсиатсияи мазкур Тағдир Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи ин иқдом бартараф сохтани монеаҳои эътирофи муфлисшавӣ, баланд бардоштани мақоми ҷумҳурӣ дар назди Бонки ҷаҳонӣ ва мувофиқ намудани қонуни мазкур ба сатҳи иқтисодии кишвар мебошад. Тавре ки маълум аст тибқи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар бобати фаъолияти тиҷоратӣ, аз рӯи нишондиҳандаи қатъи фаъолияти тиҷоратӣ тавассути тартиботи муфлисшавӣ дар байни 178 кишвар ҷойи 99-умро ишғол менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баъзе кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз қабили Русия, Гурҷистон ва Қазоқистон мақоми болотарро соҳиб аст, вале сарфи назар аз он, минбаъд низ ислоҳотро дар самти соддакунии тартиботи муфлисшавӣ бояд идома дод, зеро тавассути он ҷалби сармоя ба иқтисоди кишвар афзоиш хоҳад ёфт. Тағдир Шарифов афзуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба соддакунии назарраси тартиботи эътирофи муфлисшавӣ мусоидат карда, ба соҳибкорон имкон фароҳам месозанд, ки вақт ва хароҷоти пулиро сарфа намоянд. Дар ҳамин ҳол, қобили қайд аст, ки ҷорӣ сохтани тағйироту иловаҳои пешбинишуда аз буҷаи ҷумҳурӣ хароҷот талаб намекунад.

Август 21, 2008 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард