Р. ҚУРБОНОВА: «ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ЗАБОН ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД»
Дар он масъалаҳои татбиқи забон дар фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳо, номгузории корхонаҳо ва овезаҳо бо забони давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷлис ҳисоботи Комиссияи татбиқи забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳисоботи комиссияи татбиқи забони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт ва гузориши мудири шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат шунида шуд. Роҳбари дастгоҳи Комиссияи татбиқи забон Ғаффор Ҷӯраев қайд кард, ки Комиссия дар давоми соли равон татбиқи қонуни забонро дар 7 муассиса, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи Тоҷикматлубот, Ҷамъияти саҳомии «Бонки Эсхата», ҶС «Ҷаҳонгард», мавриди санҷиш қарор дод. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ҳамаи ташкилотҳои санҷида шуда, ба истиснои «Тоҷикматлубот», камбудиҳои ҷиддӣ дар масъалаи истифодаи забони давлатӣ ба мушоҳида мерасанд. Бахусус, шартномаҳои Палатаи савдо ва саноат ва «Бонки Эсхата» бо аъзоёну муштариёнашон, фармонҳои «Синамо» ва мактубҳои дигари ташкилотҳои санҷидашуда аксаран бо забони русӣ навишта шудаанд. Аъзои Комиссияи татбиқи забон аз нодуруст ё бо забонҳои дигар навишта шудани овезаҳо изҳори нигаронӣ карда, тазаккур доданд, ки баҳри пешгирӣ ва тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ зарур аст, ҳарчи зудтар ба қонуни кишвар дар бораи забон тағйиру иловаҳо ворид кард. Муовини Сарвазир, раиси Комиссия Руқия Қурбонова ба шахсони масъул барои татбиқи муваффақонаи қонуни забон ва бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






