Р.ОЛИМОВ: «СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ХАЛҚҲОИ МАМЛАКАТҲОРО БА ҲАМДИГАР НА

Август 20, 2008 13:04

Иштирокчиёни мулоқот ҷараёни тайёриро ба вохӯрии сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе, масъалаҳои асосии рӯзномаи он ва ҳуҷҷатҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки бояд дар фарҷоми мулоқот имзо карда шаванд. Сафири Тоҷикистон ба олимони чинӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистон оид ба мулоқоти мазкур маълумот дод. Р.Олимов дар ҷавоби саволи олимони чинӣ зикр кард, ки мо дар бораи «рӯҳияи Шанхай» сухан ронда, пеш аз ҳама принсипи боварию эътимод ба ҳамдигар, эҳтироми роҳи интихобнамудаи мамлакатҳои дигар, гуногунрангии фарҳангҳо ва ҳамкории доманадорро чӣ дар байни мамлакатҳои аъзои созмон ва чӣ бо мамлакатҳое, ки бо он ҳамкорӣ мекунанд, дар назар дорем. Зикр карда шуд, ки ҳадафҳои асосии созмон таъмини сулҳу субот, тақвияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва аслиҳа мебошад. Ин ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ мусоидат хоҳад кард. Ба туфайли ин халқҳои шаш мамлакати аъзои созмон, ки дар тӯли асрҳо соҳиби таърихи умумӣ гашта, бо тақозои замон ба ҳамсояҳои неку хайрхоҳ ва дӯстони боэътимод табдил ёфтаанд, ба ҳамдигар наздиктар мешаванд. Ёдовар мешавем, ки сарони давлатҳои аъзои СҲШ 28 август дар шаҳри Душанбе мулоқот мекунанд. Дар ин мулоқот самтҳои нави рушди фаъолияти созмон муайян карда хоҳад шуд.

Август 20, 2008 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт