РУСИЯ ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ХУДРО АЗ ГУРҶИСТОН МЕБАРОРАД
Намояндагони ҳайати кумондонии артиши Русия изҳор намуданд, ки аскарону афсарон аллакай ба тарки қаламрави Гурҷистон шурӯъ кардаанд. Вале котиби Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломайя ҳамаи инро рад намуда, гуфт, ки Русия танҳо мавқеи қисмҳои ҳарбии худро дигар мекунаду халос. Тавре ки маълум аст, президенти Фаронса барои бартараф сохтани муноқишаи Русия ва Гурҷистон вазифаи миёнаравиро ба зимма гирифтааст ва дар ин бобат кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Вай зарурати аз қаламрави Гурҷистон баровардани қисмҳои ҳарбии Русияро таъкид намуда, изҳор дошт, ки ин масъала набояд муҳокима карда шавад. Президенти ИМА Ҷ.Буш низ қаблан дар бораи зарурати бе чуну чаро баровардани қисмҳои ҳарбии Русия аз қаламрави Гурҷистон сухан ронда буд. Генерал – майори қувваҳои мусаллаҳи Русия Вячеслав Борисов рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфт, ки дар бораи шаҳри Игоетиро тарк намудани низомиёни мамлакаташ фармон додааст. Вай хабар дод, ки дар ин ҷо қисмҳои ҳарбиро гурӯҳҳои ҳомии сулҳи Русия иваз хоҳанд кард. Хабар дода мешавад, ки низомиёни Русия роҳҳои асосии даромаду баромади шаҳрро назорат мекунанд. Роҳбарияти низомии Русия изҳор мекунад, ки қисмҳои ҳарбӣ барои муҳофизати аҳолии маҳаллӣ аз ғоратгарон дар ин ҷо нигоҳ дошта мешаванд ва тайёранд, ки назорати вазъиятро ба мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Гурҷистон супоранд. Сарони давлатҳои Русия ва Фаронса 12 август дар Маскав нақшаи пешакии бартараф сохтани муноқишаро дар Гурҷистону Иристон тартиб дода буданд. Нақшаи мазкур шаш принсипро дар бар мегирад. Президенти Венесуэла Уго Чавес рӯзи якшанбе амалиёти Русияро дар Гурҷистон дастгирӣ намуд. Вай зикр кард, ки маъмурияти Амрико Гурҷистонро барои суст намудани нуфузи Русия дар минтақа истифода бурдан мехост.Амалиёти Русия дар ин маврид оқилона ва дуруст мебошад. Мо дар ин масъала роҳбарияти Русияро дастгирӣ мекунем, гуфт Уго Чавес. Пеш аз ин амалиёти Русияро дар Гурҷистон роҳбари давлати Куба Раул Кастро дастгирӣ карда буд. БИ – БИ — СИ ( аз интернет) Тарҷумаи АМИТ «Ховар» Тарҷумон – Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






