САРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ МУЛОҚОТ МЕКУНАНД
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Президенти Ҷумхурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз як соли раҳбарии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки дар ин муддат дар доираи созмон корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Президенти Қазоқистон дар робита бо таъмини амнияти озуқа дар қаламрави Созмон изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки сарфи назар аз имзои санадҳои зиёд ҳамокрии тиҷоратии кишварҳои узви созмон ба оҳистагӣ пеш меравад. Нурсултон Назарбоев пешниҳод кард, то Шӯрои байнибонкии СҲШ нишастҳои худро пайваста баргузор намояд. Дар ин мулоқот Федератсияи Русия раҳбари Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2009 интихоб гардид. Президенти Русия Дмитрий Медведев зикр кард, ки мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддар ва терроризм аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти созмон мебошад. Аз ин рӯ, талоши баъзе кишварҳо барои узвият дар СҲШ нишони аҳамияти бештар касб кардани ин созмон дар арсаи ҷаҳон мебошад. Раиси давлати Чин Ху Сзинтао аз фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ аз ҷумла қочоқи маводи нашъадор ва фаъолияти қувваҳои тундрави байналмилалиро аз масоили доғ дар паҳнои кишварҳои СҲШ номид ва тақвияти муборизаро дар ин самт муҳим арзёби кард. Ху Сзинтао тавсиаи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахшҳои мухталиф ва тақвияти амният дар минтақаро зарур шумурда, тазаккур дод, ки захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишварҳои узви созмон ва эҳтиёҷи дигар кишварҳои аъзо ҳамкориро дар соҳаи энергетика вусъат дода метавонад. Президенти Қирғизистан Қурмонбек Боқиев гуфт, ки дар ҳафт соли охир СҲШ ба созмони мӯътабари байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ӯ афзуд, ки ба тақвияти сохтори мубориза ба муқобили терроризм кишвараш аз пешниҳоди Русия дар мавриди конфронси махсус дар масоили Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад. Қ. Боқиев пешниҳод намуд, ки дар ду сол як бор Анҷумани ҷавонони кишварҳои узви СҲШ дар Қирғизистон баргузор шавад. Тибқи қарори қабулшуда, мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ соли оянда дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






