САРВАРИ ДАВЛАТ ЛИ ЖУОГУРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Чин барои дастгирии намоён аз рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо арзи сипос намуда, нақши Бонки содироту воридотро дар татбиқи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари ҳамсоя муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки сармоягузории се лоиҳаи бузурги инвеститсионии Тоҷикистон- сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор-Хатлон ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон ва иншооти зиддитармавӣ маҳз аз ҷониби ҳамин бонк сурат мегирад. Ли Жуогу изҳор дошт, ки Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ ҳамкории пурсамари худро бо Тоҷикистон идома ва густариш медиҳад. «Мо омодаем дар сармоягузории сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, истихроҷ ва истифодаи васеъи захираҳои фаровони ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок, сохтмон ва азнавсозии роҳҳо ва бисёр дигар лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд, иштироки фаъол дошта бошем», — таъкид намуд Раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин. Ҳарду ҷониб изҳори боварӣ намуданд, ки сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ оғоз меёбад ва ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ ба рушди муносибатҳои бисёрсоҳаи ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






