СОХТМОНИ БИНОҲОИ ҶАШНӢ
Хуҷанд. 27 августи соли 2008.- Сохтмони корхонаю муассисаҳои ҷашнӣ дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо суръат давом дорад. Теъдоди зиёди онҳо дар арафаи иди Истиқлолият ба истифода дода мешаванд. Яке аз онҳо ҳайкали поягузори назми классикии тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ мебошад, ки ба муносибати 1150-солагии устоди шоирони тамоми ҷаҳон дар соҳили дарёи Сир гузошта мешавад. Муаллифи ҳайкал муҷассамасози маъруф, омӯзгори факултаи санъати ба номи Бобоҷон Ғафуров Даврон Раҳматов аст. Баландии ҳайкал бо таҳкурсиаш 15 метр мебошад. Маҳалли гузаштани ҳайкалро коргарони комбинати хонасозии вилоят ба тартиб меоранд. Дар сохтмони биноҳои ҷашнӣ саҳми коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои саҳомии «Қалъа», «Бинокор», «Грек», «Раҳматов» ва ғайраҳо калон аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






