ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ АШӮР САФАР ДАР КӮЛОБ
Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб корхонаю ташкилотҳо ва гурӯҳи калони адибон иштирок доштанд. Ҷамъомадро раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев кушода, дар бораи ҳаёту эҷодиёти Ашӯр Сафар ва нақши ӯ дар пешрафти адабиёти муосири тоҷик сухан ронд. Сипас адибон Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Мирзо Файзалӣ ва Худоӣ Шарифов дар бораи хусусиятҳои эҷодии Ашӯр Сафар сухан ронда, хотираҳояшонро дар бораи шоири шодравон нақл карданд. Қайд карда шуд, ки то имрӯз бештар аз 30 маҷмӯаи шеърҳои шоир ба ҳаводорони назм пешниҳод карда шудааст. Ашӯр Сафар тӯли фаъолияти эҷодии худ шогирдони зиёд низ тарбия намудааст. Адибони маъруфи имрӯза Ҳақназар Ғоиб ва Муҳҳаммад Ғоиб аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои абадӣ гардондаи хотираи шоир қарор қабул кард. Бо ин мақсад як маҳаллаи шаҳр ба номи Ашӯр Сафар гузошта мешавад. Барои беҳтар гардондани фаъолияти осорхонаи шоир дар шаҳри Кӯлоб тадбирҳо андешида мешаванд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






