ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ АФҒОНИСТОН
89 сол пеш дар ҳамин рӯз шоҳи Афғонистон Амонуллохон баъди ба охир расидани ҷанги сеюми Британияи Кабир ва Афғонистон мустақилияти мамлакатро эълон карда буд. Мақомоти Афғонистон имсол бо назардошти таъмини амният маҳалли гузаронидани тадбирҳои ботантанаро ба шарафи ид комилан махфӣ нигоҳ доштанд. Баъди гузаштанаи тантанаҳои идона маълум шуд, ки онҳо дар қасри Президент — Арк баргузор гардидаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди истиқлолияти Афғонистон ба унвони Ҳамид Карзай барқияи шодбош фиристод. Дар он гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона, ҳамкории мутақобилан муфид ва ҳусни ҳамҷавории ҳар ду мамлакати ҳамсоя мебошад.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






