ТАЛАФОТИ МОЛИИ РУСИЯ ВОБАСТА БА АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ДАР ҚАФҚОЗ

Август 20, 2008 09:58

Вазири молияи Русия Алексей Кудрин ба журналистон хабар дод, ки талафоти молии мамлакат вобаста ба амалиёти ҳарбӣ дар Иристони Ҷанубӣ ва Гурҷистон 7 миллиард доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Вай хабар дод, ки танҳо 8 август дар рӯзи аввали амалиёти ҳарбӣ аз Русия 6 миллиард доллар бароварда шуд. Вай зикр намуд, ки дар давоми соли 2008 даромади софи мамлакат нисбат ба нақшаи пешбиникардаи Бонки марказӣ хеле камтар гашта, тақрибан 30 – 40 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки вазъияти бозори молиявии Русия бо сабаби амалиёти ҳарбӣ дар Қафқоз хеле зуд тағйир ёфт. Дар натиҷа қурби рубл нисбат ба доллар дар давоми як ҳафта хеле паст фуромад. Ба ақидаи коршиносон,Ю қиммати доллар нисбат ба рубли Русия дар давоми як ҳафтаи амалиёт қариб як рубл афзуд. Вале вазири молия А.Кудрин изҳор намуд, ки ин вазъият ба натиҷаҳои умумии макроиқтисодии мамлакат таъсири ҷиддӣ намерасонад. Айни ҳол вазъи молиявии иқтисодиёти Русия баъди изҳороти Д.Медведев дар бораи бомуваффақият анҷом ёфтани амалиёти ҳарбӣ Гурҷистон мӯътадил гардидааст.

Август 20, 2008 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид