ТЕАТРИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ШИРКАТ МЕВАРЗАД
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Ҷашнвораи дуюми байналхалқии театрҳо иштирок менамояд, ки 2 сентябр дар Алмаато кушода хоҳад шуд. Директори театр Саид Абдуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ин ҷашнвора асари саҳнавии коргардон Султон Усмонов «Зани сарватманд» намоиш дода мешавад. Нақшҳои асосиро дар он ҳунармандон И. Нуриддинов ва Г.Абдулхайрова иҷро менамоянд. Коргардони театр зикр намуд, ки дар оғози мавсими нави театрӣ якбора се намоишнома пешкаши тамошобинон гардонда мешавад. Онҳо намоишномаҳои «Зани сарватманд», «Рӯзи дарозтар аз аср» ва «Ярч» мебошанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






