ВАЗИРИ МАОРИФ ЗАРУРАТИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМРО ТАЪКИД НАМУД

Август 27, 2008 10:38

Зимни мулоқот масъалаҳои тайёрии омӯзишгоҳҳо ва литсейҳо ба соли нави таҳсил, давраи тирамоҳу зимистон, бо кадрҳои варзида таъмин кардани мактабҳо ва ғайра муҳокима шуданд. Роҳбарони мактабҳо ҳисобот доданд, ки то имрӯз қариб ҳамаи омӯзишгоҳҳо ва литсейҳо тармим карда ва бо сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишту ҳезум таъмин карда шудаанд. Вазир зарурати беҳтар сохтани сифати таълиму тадрис ва амалӣ сохтани барномаи миллии таҳсилоти миёнаро таъкид намуд. Бо ҷараёни ба эътидол омадани вазъи иқтисодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагӣ талабот ба беҳтар намудани сифати таҳсил дучанд меафзояд, гуфт вазир. Мудири шӯъбаи маълумоти ибтидоии касбию техникии вилоят Аҳмадҷон Солеҳҷонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳоло дар вилояти Суғд 23 мактаби ҳунаромӯзӣ, аз ҷумла 9 литсей ва 14 омӯзишгоҳ фаъолият доранд. Дар онҳо 6865 талаба 36 касбу ҳунарро меомӯзад.

Август 27, 2008 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа