ЖАО ШИАЮ МУОВИНИ РАИСИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ ТАЪИН ШУД
Ж.Шиаю дар ин вазифа Ликун Ҷинро иваз мекунад, ки мӯҳлати фаъолияти он 31 июл анҷом ёфтааст. Ҷаноби Шиаю ба фаъолияти Раёсати Осиёи Ҷанубӣ, Раёсати Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, инчунин Раёсати сектори хусусии бонк масъул мебошад. Жао Шиаю айни ҳол муовини раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин аст. Вай аз моҳи марти соли 1999 то моҳи сентябри соли 2002 мудири иҷроияи Шӯрои мудирони Бонки рушди Осиё дар Чин буд. Маълумотномаи АМИТ «Ховар» Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд. Бонк соли 2007 ба мамлакатҳои минтақа ба маблағи умумии 10,1 миллиард доллар қарз дода, ба маблағи 673 милли-он доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ва ба маблағи 243 миллион доллар кӯмаки техникӣ расондааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






