ҒАМХОРИ ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба гуфти раиси ноҳияи Шаҳритус Холмурод Раҳмонов, роҳбарияти ноҳия ҳама тадбирҳоро меандешад, то ки дар вилояти Хатлон аввалин шуда аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта бароянд. То 22 сентябр дар хоҷагиҳои ноҳия ба миқдори 9830 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ҳар рӯз дар саҳрои хоҷагиҳои пахтакор бештар аз 7 ҳазор нафар чинакчию ҳашарчиён ба кор мебароянд. Чунин муташаккилии кор аст, ки хоҷагиҳо ба ҷалби донишҷӯён дар ҷамъоварии пахта ниёз надоранд. Натиҷаи кори чинакчиён ҳар рӯз дар сари тарозу ҷамъбаст шуда, ҳақи чиниши онҳо ки барои ҷамъоварии пахтаи сафед 25 дирам ва барои пахтаи маҳиннах 30 дирам муайян шудааст, пардохт карда мешавад. Ҳамин тадбир боис шуд, ки мардум пахтаро на ба қувваи донишҷӯён балки бо қувваи худ ҷамъоварӣ намоянд.








Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






