ҚУВВАОЗМОИИ ФУТБОЛБОЗОН

Сентябрь 11, 2008 17:07

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Имрӯз қувваозмоиҳои аввалини дастаҳои футболи мамлакат барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2008 баргузор гардиданд. Дастаи футболбозони ЦСКА «Помир» дар натиҷаи қувваозмоӣ бо дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб ба ҳисоби 2 :0 ғолиб омад. Қувваозмоии дастаи футболбозони «Вахш» ва «Тоҷиктелеком» бо ҳисоби калони 4:0 ба фоидаи дастаи «Вахш» анҷом ёфт. Дастаи «Гвардия» дар ҷараёни қувваозмоӣ бо дастаи «Энергетик» бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуд. Дастаи футболбозони «Саройкамар» — и ноҳияи Панҷ ба мусобиқа бо дастаи «Регар — Тадаз» ҳозир нагардид. Нисбати дастаи «Саройкамар» бохти техникӣ таъин карда шуд. Қувваозмоиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 13 — 15 сентябр баргузор мегарданд.

Сентябрь 11, 2008 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид