ҲАЛОКАТИ ОДАМОН БАР АСАРИ ТӮФОНИ БАҲРӢ

Сентябрь 5, 2008 12:53

Порто — Пренса, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», РБК). – Аз рӯи хабарҳои расида, дар Гаити бар асари тӯфони баҳрии «Хана», ки тамоми мамлакатҳои минтақаро фаро гирифтааст, 137 нафар ҳалок шуд. Аз ин ҷумла, 80 нафар дар шаҳри бандарии Гонаив қурбон гардид. Сокинони маҳаллӣ бо сабаби обхезии шадид айни ҳол дар боми хонаҳояшон зиндагӣ мекунанд. Ҳукумат кӯшиш мекунад, ки одамонро бо хӯрока ва оби тоза таъмин кунад. Хабар дода мешавад, ки тӯфони мазкур ба самти шимолу ғарбӣ бо суръати 27 километр дар як соат ҳаракат мекунад. Суръати вазиши шамол 217 километр — соатро ташкил медиҳад. Хабар дода мешавад, ки аввали моҳи сентябр дар натиҷаи тӯфони баҳрии «Густав» дар халиҷи Мексика истихроҷи нафт ва гази табиӣ боздошта шуд. Ҳамаи коргарон аз маҳалли истихроҷи нафту газ бароварда шуданд. Бинобар ин истихроҷи газ дар минтақа хеле кам гардид. Айни ҳол қариб 750 ҳазор сокини маҳаллӣ аз истифодаи қувваи барқ маҳрум гаштааст. Қабл аз ин дар Гаити дар натиҷаи тӯфони дигари «Фей» даҳҳо нафар ҳалок шуда буд.

Сентябрь 5, 2008 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид