ҲАЛОКАТИ ТЕЪДОДИ ЗИЁДИ ОДАМОН ДАР НАТИҶАИ ТӮФОНИ БАҲРӢ

Сентябрь 4, 2008 10:54

Порто — Пренса, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС).- Бар асари боронҳои шадид, сел ва обхезӣ, ки дар натиҷаи тӯфони баҳрии тропикии «Ханна» қисми зиёди Гаитиро фаро гирифта буд, камаш 61 нафар ҳалок шуд. Танҳо дар минтақаҳои шимолии мамлакат ҳалокати 37 нафар ба қайд гирифта шуд. Мақомоти мамлакат то ҳол ҳаҷми зарари модии фалокати табииро аниқ муқаррар карда наметавонанд. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи тӯфону обхезӣ ва сел ҳазорон хона харобу валангор гардида, даҳҳо ҳазор нафар одамон бесарпаноҳ монданд. Ҳафтаи гузашта Гаити ва мамлакатҳои дигари минтақа аз тӯфони тропикии «Густав» зарари калон дида буданд.

Сентябрь 4, 2008 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад