ҲАМАИ ҚАРЗДОРОН АЗ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ МАҲРУМ КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Раиси ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» таъкид кард, ки ҳамаи қарздорон аз истифодаи қувваи барқ маҳрум карда мешаванд. Ш. Самиев сабабҳои дар мамлакат ҷорӣ кардани маҳдудияти таъминоти қувваи барқро шарҳ дода, гуфт, ки баъзан рӯзона қатъ гардидани интиқоли барқ ба ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ ягон вобастагӣ надорад. Сабаби ин тармими хатҳои интиқоли барқ, трансформаторҳо ва бунгоҳҳои иловагии тақсими қувваи барқ аст. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон то охири моҳи август қарзи худро ба Ӯзбекистон пурра баргардонда, ба ивази қарз ба ин мамлакати ҳамсоя 900 миллион киловатт — соат қувваи барқ дод. Ёдовар мешавем, ки аз 1 сентябр дар Тоҷикистон таъминоти қувваи барқ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат ба истиснои шаҳри Душанбе маҳдуд карда шуд. Ба қавли Ш.Самиев, сабаби ин иқдом кам будани захираи об дар обанбори Норак мебошад. Зикр шуд, ки айни ҳол ҳар сония ба обанбори мазкур 900 метри мукааб об ворид мегардад. 860 метри мукааби он барои истеҳсоли қувваи барқ сарф карда мешавад. Айни ҳол сатҳи оби обанбор нисбат ба соли гузашта 9 метру 40 сантиметр паст мебошад. Ш.Самиев хабар дод, ки аз 1 сентябр сар карда, интиқоли қувваи барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ аз соати 22 — ю 30 дақиқа то соати 3 — ю 30 дақиқа қатъ карда мешавад. Вай хабар дод, ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон дар бораи интиқоли қувваи барқ ба мамлакат дар фасли зимистон қарордод имзо кардааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






