ҲИСОБОТИ БОНКИ ҶАҲОНӢ БОРАИ БА РОҲ МОНДАНИ ТИҶОРАТ ДАР СОЛИ 2009
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- 10 сентябр ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ дар бораи ба роҳ андохтани тиҷорат дар соли 2009 чоп карда мешавад. Дар ҳисобот шароити иқтисодӣ ва тиҷоратии 181 мамлакат таҳлил карда мешавад. Дар он ҳамчунин ҷараёни ислоҳот ва мамлакатҳое нишон дода мешаванд, ки мувофиқи 10 меъёри асосии танзим дар масъалаи то ҳадди микон осонтару соддатар гардонидани хариду фурӯши мол ҷойҳои муайянро ишғол менамоянд. Барои ин вақт, хароҷот, амалӣ сохтани талаботи ҳукуматҳо, оғози тиҷорат, ҷараёни он, пардохти андоз ва нишондодҳои дигар ба назар гирифта мешаванд. Дар ҳисобот сиёсати макроиқтисодӣ, сифати соҳаҳои ёрирасон, тағйир ёфтани қурби пул, сатҳи ҷиноят ва муносибати сармоягузорону харидорон ба инобат гирифта намешавад. Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон кормандони воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳуриро ба маросими шиносоӣ бо ҳисобот ва муҳокимаи он даъват мекунад. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз Ню-Йорк истода, бо иштирокчиёни нишасти матбуотӣ тавассути алоқаи мустақими видио сӯҳбат хоҳад кард. .








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






