ҲУНАРПЕШАГОНИ ТЕАТРИ БА НОМИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ БА ЭРОН МЕРАВАНД
Хуҷанд, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Ҳунарпешагони Театри мусиқии мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ 26 октябр ба Эрон ба сафари эҷодӣ мераванд. Онҳо ба тамошобинони ин мамлакат асари саҳнавии «Тоҳир ва Зуҳро» -ро пешкаш хоҳанд кард. Асари саҳнавии мазкур дар оғози мавсими нави 75 – уми театр намоиш дода шуд. Намоишномаи онро драмнавис Абдувадуд Файзиев таълиф намудааст. Коргардони асари саҳнавӣ ҳунарпешаи маъруф Сайрам Исоева мебошад. Мусиқии онро Ворис Абдураҳмонов офаридааст. Нақшҳои асосии асарро ҳунарпегашон Набишер Пояндаев ва Малоҳат Абдушукурова иҷро мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






