ҲУНАРПЕШАГОНИ ТОҶИК «ПАНҶ ЗАНИ ХОҶА НАСРИДДИН» — РО БА ЛВОВ МЕБАРАНД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).-Театри драммавии ба номи В.Маяковский дар ҷашнвораи театрҳои Аврупо ширкат меварзад, ки таҳти унвони «Шери заррин» аз 8 то 20 октябр дар шаҳри Лвов баргузор мегардад. Ҳунарпешагони тоҷик дар ин ҷо асари саҳнавии «Панҷ зани Хоҷа Насриддин» — ро намоиш медиҳанд, ки онро коргардон О.Салимов ба саҳна гузоштааст. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки асари саҳнавии мазкур дар озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналхалқӣ дар шаҳрҳои Санкт- Петербург ва Брест пешкаши тамошобинон гардонида, сазовори ҷоизаҳо гардида буд. Директори театр Сӯҳроб Мирзоев умедвор аст, ки асари саҳнавии мазкур ин дафъа ҳам сазовори баҳои баланди ҳайати доварон ва тамошобинон мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






