Ҳ.ЗАРИФӢ ДАР МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

Сентябрь 2, 2008 17:18

            Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — 4 сентябр дар Маскав маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои ҳамоҳанг сохтани сиёсати берунии давлатҳои аъзои созмонро роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳашон ва ҷараёни иҷрои қарорҳои иҷлосияҳои соли 2006 дар Минск ва соли 2007 дар Душанбе баргузоргардидаи Шӯрои амнияти дастаҷамъиро муҳокима мекунанд. Инчунин, муҳокимаи ҳамаҷонибаи вазъияти минтақаи Қафқоз баъди таҷовузи Гурҷистон ва ҳуҷуми он ба Иристони Ҷанубӣ пешбинӣ карда мешавад.           Баъдан дар маҷлиси умумӣ маърӯзаи ҳарсолаи Муншии умумии созмон ва лоиҳаи Баёнияи иҷлосияи ояндаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ карда мешавад. Вазирони корҳои хориҷӣ инчунин, лоиҳаи созишномаро дар бораи тайёр кардани кадрҳо барои мақомоти муҳофизи қонун, сӯхторхомӯшкунӣ наҷотбахш ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъиро дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти фаъолияти зиддитеррористӣ, лоиҳаи барномаи амалиёти муштаракро барои амалӣ сохтани Нақшаи амалиёти дастаҷамъии давлатҳои аъзои СААД — ро барои амалӣ сохтани стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ барои солҳои 2008 — 2012 мувофиқа хоҳанд кард.           Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз Тоҷикистон дар маҷлиси мазкур вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок менамояд.

Сентябрь 2, 2008 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид