ҶАЛАСА ДАР НЮ-ЙОРК ТАҲТИ РАЁСАТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН

Сентябрь 24, 2008 16:38

Имрўз 24 сентябри соли 2008 дар бинои Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» ҷараён мегирад, ки дар ҳошияи Иҷлосияи  63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.Ин албатта гувоҳӣ аз нақши намоёни Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии обӣ  ва қабул гаштану  татбиқшавии пешниҳодоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа аст. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» эълон гаштани солҳои 2005-2015 аз ҷумлаи чунин ташаббусҳои наҷиб аст, ки босамар татбиқ мегардад.Худи ҳамин рўз ҳамчунин мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон ва дигар ходимони сиёсию ҷамъиятии сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ дар назар аст.              Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз шаҳри Ню-Йорки ИМА иттилоъ дод.

Сентябрь 24, 2008 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад