ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРӢ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

Сентябрь 17, 2008 12:16

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҷамъоварии пахта 184 ҳазору 107 нафар шаҳрвандони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафарбар карда шудаанд. Аз ин шумора 171 ҳазору 564 нафарашонро чинакчиёни ба кори ҳаррӯза машғул ташкил медиҳанд. Ба замми ин ҳар рӯз то 13 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ёрии чинакчиён мебароянд. Пахтаи ҷамъоваришуда дар як рӯз ба ҳисоби миёна ба ҳар як чинакчӣ 39,4 кг рост меояд. Роҳбарони хоҷагиҳои пахтакорро зарур аст, ки аз шароити мусоиди обу ҳавои ҳаррӯза истифода намоянд, то пахта бо навъи баланд ва сифати беҳтар ҷамъоварӣ гардад.

Сентябрь 17, 2008 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид