ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ДАВРИ АВВАЛИ АМАЛИЁТ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар қаламрави мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ даври аввали амалиёти байналхалқии бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъадор «Канал-2008» анҷом ёфт. Амалиёти мазкур дар ҳудуди Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаронида мешавад. Ҷараёни амалиётро намояндагони мамлакатҳои нозир — ИМА, Афғонистон, Латвия, Литва, Муғулистон, Озарбойҷон, Лаҳистон, Руминия, Сурия, Украина ,Чин ва Эстония мушоҳида намуданд. Аз рӯи натиҷаҳои даври аввали амалиёт маълум гардид, ки Тоҷикистон мисли пештара дар сафи пеши мубориза ба муқобили қочоқчиёни маводи нашъадор қарор дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мақомоти муҳфизи қонун ва марзбонони тоҷик дар ин давра бештар аз 38 ҷинояти вобаста ба қочоқ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадорро ошкор намуда, 953 килограму 158 грам маводи нашъадорро мусодира карданд. Дар давоми амалиёт дар қаламрави мамлакатҳои аъзои созмон 946 килограму 366 грам героин ва 788 килограму 343 грам афюн мусодира карда шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






