ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ДАВОМ ДОРАД

Сентябрь 26, 2008 10:18

Ҷиликӯл, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар ноҳияи Ҷилликӯл то имрӯз 7 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шудааст, ки ба 36 фоизи нақшаи солона баробар аст. Деҳқонони ноҳия дар мавсим бояд ба марказҳои қабул 20 ҳазору 330 тонна пахта су-поранд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,ки имрӯзҳо дар пахтазори ноҳия то 7 ҳазор нафар чинакчӣ кор мекунад. Сарагрономи шӯъбаи кишоварзии ноҳия Олтибой Ҳақназаров хабар дод, ки барои сари вақт ҷамъ овардани пахта ҳатто донишҷӯён ба кӯмаки деҳқонон ҷалб карда шуданд.Дар ноҳия 355 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки аз он 115 хоҷагӣ ба парвариши пахта машғул мебошад. О.Ҳақназаров зикр намуд, ки музди кори чинакчиён сари вақт дода мешавад.

Сентябрь 26, 2008 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд