ҶАМЪОВАРИИ САБЗАВОТ ДАР ХОҶАГИҲОИ ҶУМҲУРӢ

Сентябрь 24, 2008 13:18

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и ҷумҳурӣ аз майдони 13 ҳазору 214 гектар кишти сабзавот то имрӯз 8555 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 752 гектар зиёд аст. Нақшаи солонаи истеҳсоли сабзавот дар ҷумҳурӣ 328 ҳазору 620 тоннаро ташкил медиҳад. То 15 сентябр 140 ҳазору 462 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки он баробари 43 фоизи иҷрои нақшаи солонаи ҷумҳурӣ мебошад. Ҳосилнокии сабзавот дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) дар соли ҷорӣ ба 179 сентнерӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 сентнерӣ аз ҳар гектар зиёд аст, иброз доштанд дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Сентябрь 24, 2008 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид