ҶАМЪОВАРИИ САБЗАВОТ ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ
Душанбе , 12 сентябр. ( АМИТ «Ховар» , Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврӣ аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ ба даст омада, то 10 сентябр ҳосили 8 ҳазору 26 гектар сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ( фермерӣ)- и ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ дар масоҳати 13 ҳазору 214 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст. Мувофиқи нақшаи хоҷагиҳо, соли ҷорӣ истеҳсоли сабзавот дар ҷумҳурӣ ба 387 ҳазору 620 тонна расонида мешавад. То 10 сентябри соли ҷорӣ 142 ҳазору 122 тонна сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҷамъоварӣ шуда, ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо пешкаш карда шудааст, ки ин баробари 43,2 фоизи нақшаи муайяншуда мебошад. Ҳосилнокии сабзавот дар ин муддат ба 177 сен/ га расонида шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






