ҶАМЪОВАРИИ ЗИРОАТҲОИ ПОЛЕЗӢ
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То имрӯз дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермери)-и ҷумҳурӣ ҳосили 5346,6 гектар ҷамъ оварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 299,6 гектар зиёд мебошад. Тибқи нақша, имсол дар ҷумҳурӣ 121 ҳазору 621 тонна маҳсулоти полезӣ истеҳсол карда мешавад. Деҳқонон то имрӯз 95421,1 тонна маҳсулоти полезӣ ба даст оварданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 178 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 11 сентнерӣ зиёд аст. Деҳқонони мамлакат то имрӯз ҳосили 8026 гектар сабзавотро ҷамъ оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 851,5 гектар зиёд мебошад. Тибқи нақша, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 3287 ҳазору 620 тонна сабзавот ҷамъ оварда мешавад. То имрӯз 145 ҳазору 205,1 тонна сабзавот ҷамъ оварда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1693,4 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ 180 сентнериро аз ҳар як гектар ташкил медиҳад. Картошкапарварон тибқи нақша, имсол бояд 212 ҳазору 931 тонна ҳосил гиранд. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 52878 тонна картошка ҷамъ оварда шудааст, ки 25 фоизи иҷрои нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳосилноки аз ҳар як гектар 214 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 сентнерӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварии меваю ангур дар саросари мамлакат босуръат давом дорад. Тибқи нақша, имсол дар ҷумҳурӣ 95255 тонна мева ва 63384 тонна ангур ҷамъ оварда мешавад. То имрӯз 37360,6 тонна мева ва 14511,2 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






