А.АЗИМОВ: «ДАР ТОҶИКИСТОН МАВОДИ НАШЪАДОР ИСТЕҲСОЛ КАРДА НАМЕШАВАД»
Ереван, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амонқул Азимов 3 сентябр баъди анҷом ёфтани маҷлиси Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Ереван барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр намуд, ки дар Тоҷикистон маводи нашъадор истеҳсол карда намешавад. Вале мамлакат ба проблемаҳои қочоқи маводи нашъадор аз мамлакати ҳамсоя ба воситаи қаламрави худ мувоҷеҳ гардидааст. Ба қавли Амирқул Азимов вазъияти паҳн намудани маводи нашъадор аз Афғонистон ба воситаи қаламрави мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мисли пештара ташвишовар аст. Сол то сол зиёд гардидани масоҳати кишти кӯкнор дар Афғонистон сабаби афзудани истеҳсоли маводи нашъадор ва муташанниҷ гардидани вазъият дар мамлакатҳои ҳамсоя мегардад. Соли 2007 дар Афғонстон 8200 тонна маводи нашъадор истеҳсол карда шуд. 15 фоизи он ба воситаи роҳи шимолӣ, яъне қаламрави ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон интиқол дода мешавад. Амирқул Азимов зикр намуд, ки дар Тоҷикистон барои бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъадор тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






