АГЕНТИИ РУШДИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИМА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА РУШДИ ТИҶОРАТ КӮМАК МЕРА
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Муассисаи минтақавии Агентии рушди ҳамкориҳои байналхалқии ИМА дар Осиёи Марказӣ ба соҳибкорону тоҷирон ва майдасавдогарон барои осонтар сохтани хариди мол дар мамлакатҳои хориҷӣ, аз сарҳадҳо гузаронидани мол ва бартараф сохтани монеаҳои гуногун кӯмаки молиявӣ мерасонад. Муассисаи мазкур ба соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ, хусусан занон барои ба роҳ андохтани фаъолияти тиҷоратӣ, аз ҷумла, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ кӯмаки зарурии пулӣ хоҳад расонд. Муассиса бо ин мақсад барномаи махсусро дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ месозад. Барои иҷрои барнома дар Тоҷикистон тақрибан 40 ҳазор доллар, дар Қирғизистон 60 ҳазор доллар ва дар Қазоқистон 85 ҳазор доллар ҷудо карда шудааст. Мӯҳлати иҷрои барнома 18 моҳ муқаррар гардидааст. Муассисаи минтақавии Агентии рушди байналхалқии ИМА ба осонтар сохтани шароити тиҷорат, рушди иқтисодиёт ва рақобатпазирии он дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






