АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО БА ВУРУДИ БЕЛОРУСИЯ БА ҲАЙАТИ РУСИЯ МУҚОБИЛ МЕБОШАД

Сентябрь 16, 2008 11:08

Президенти Белорусия Александр Лукашенко 8 сентябр зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки воқеаҳои Қафқоз ғайри қобили қабул будани вуруди Белорусияро ба ҳайати Русия тасдиқ намуданд. Русия дар ин маврид иттифоқчии боэътимод ва яке аз субъектҳои ҳуқуқи байналхалқиро аз даст медиҳад. Ба қавли А.Лукашенко ,Белорусия ва Русия бояд принсипҳои давлати иттифоқиро таҳким бахшанд. Ба ҳайати Русия ворид шудани Белорусия на ба мо ва на ба русҳо лозим нест. Ин сабаби аз байн рафтани як давлати мустақил, аз як овоз маҳрум гардидани Русия дар СММ ва созмонҳои дигари байналхалқӣ мегардад, гуфт Лукашенко. Президенти Белорусия афзуд, ки мамлакаташ ва Русия барои бунёди давлати иттифоқӣ то имрӯз корҳои зиёдеро ба сомон расонда бошанд ҳам, ҳанӯз ба мақсад нарасидаанд. Воқеаҳои имрӯзаи ҷаҳон ояндаи наздик роҳбарони Белорусия ва Русияро водор месозанд, ки ба ҳалли проблемаи ташкили давлати иттифоқӣ рӯ оранд. Ба қавли Лукашенко, муноқишаи охирин дар Қафқоз, вазъияти имрӯзаи Украина, мамлакатҳои соҳили Балтика ва рӯз то рӯз бештар гардидани нерӯи низомии ИМА ва НАТО дар сарҳадҳои ғарбии ҳар ду мамлакат роҳбарони онҳоро ба ҳалли ҳамин масъала водор хоҳад сохт. Лукашенко чунин мешуморад, ки ҳар ду мамлакат бояд ахдномаи иттифоқчигии ҳамдигарро иҷро кунанд. Агар мувофиқи шароити имрӯза тағйир додани он зарур бошад, мо ба ин тайёрем, гуфт вай. Қайд кардан лозим аст, ки Белорусия мавқеи худро роҷеъ ба воқеаҳои охирини Иристони ҷанубӣ то рӯзҳои наздик муайян накарда буд. Лукашенко чанд рӯз пеш изҳор намуд, ки мақомоти Белорусия масъалаи эътирофи истиқлолияти Обхозистон ва Иристони ҷанубиро баъди интихоботи парлумон охири моҳи сентябр муҳокима хоҳанд кард. Би-Би-Си.

Сентябрь 16, 2008 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар