АЗ МАРЗБОНОН МИҚДОРИ ЗИЁДИ МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА КАРДА ШУД
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ аз гурӯҳи марзбонони қисми ҳарбии 2133 Раёсати умумии артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ бештар аз 25 килограм маводи нашъадорро мусодира намуданд. Кормандони милиса дар давоми амалиёт се хизматчии ҳарбиро ба нигоҳ доштани маводи нашъадор гумонбар шуда, дастгир намуданд. Зимни аз назар гузаронидани дастгиршудагон дар халтаи либосҳои яке аз онҳо 17 килограму 180 грам кӯкнор ва 8 килограму 290 грам афюни хом ёфт шуд. Кормандони милиса айни ҳол хизматчиёни ҳарбии ба ин ҷиноят шарикбударо муайян месозанд. Номи онҳо барои махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиш зикр карда намешавад. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва дафтари аъмоли ҷинояткорон тафтиш карда мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






