БА ҚАБУЛИ КОДЕКСИ ҶИНОИИ ҶУМҲУРӢ ДАҲ СОЛ ПУР ШУД

Сентябрь 16, 2008 15:13

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ бахшида ба даҳсолагии қабули Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид. Конфронс бо ташаббуси факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Бунёди Фридрих Эберт гузаронида шуд. Дар он намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ, олимон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Дар конфронс масъалаҳои марбут ба тағйироту иловаҳои дар давоми даҳ сол ба Кодекси ҷиноӣ дохилшуда, инчунин пурзӯр намудани масъулияти ҷинояткорон барои куштор, баъзе масъалаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноӣ дар бораи боздоштани иҷрои ҳукми қатл, шароити нигоҳ доштани маҳбусон, муқаррар намудани ҷазо барои исқоти ғайриқонунии ҳамл ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин масъалаҳо раиси Кумитаи тартиботи қонун, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон Абдуманнон Холиқов, раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллоев, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ Шерхон Салимзода, сардори раёсати Прокуратураи генералӣ Ҳабибулло Воҳидов ва дигарон изҳори ақида намуданд.

Сентябрь 16, 2008 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад