БАРНОМАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ –ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИБ
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Рӯзҳои 12 ва 13 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар бобати кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар солҳои 2008-2009» семинар баргузор гардид. Дар он вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов, масъулини раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, менеҷерҳои кӯмаки аввалию санитарии тиббӣ ва сармуҳосибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои таҷрибавии Турсунзода, Варзоб, Рашт, Шаҳринав ва Спитамен иштирок намуданд. Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов қайд кард, ки яке аз проблемаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ мукаммал сохтани низоми маблағгузории соҳа мебошад. «Мо бояд дар шароити воқеии иҷтимоию иқтисодии имрӯза, маблағҳои давлатиро самаранок истифода бурда, роҳҳои пайдо намудани маблағҳои иловагиро барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ҷустуҷӯ намоем. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад тартиби маблағгузории фардӣ, хизматрасонии пулакӣ, суғуртаи тиббӣ, мусоидат ба рушди муассисаҳои худмаблағгузор ва хусусӣ ва барномаи кафолатҳои давлатиро марҳила ба марҳила ҷорӣ намуда истодааст», — гуфт вазир. Қобили қайд аст, ки «Барномаи кафолатҳои давлатии кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия карда шудааст. Барномаи мазкур соли 2008 дар ноҳияҳои Данғара, Спитамен, Рашт, шаҳри Турсунзода ва соли 2009 дар ноҳияҳои номбурда ва ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, шаҳрҳои Сарбанд ва Норак амалӣ карда мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






