БАРНОМАИ РУШДИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ

Сентябрь 2, 2008 13:17

           Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар, Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 аз ҳисоби буҷа баҳри рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 300 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд,ки ин иқдоми аввалин дар пешрафти соҳа гардид. Сипас, «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» қабул гардид. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2008 Корхонаи воҳиди давлатии занбӯриасалпарварӣ — «Асали Тоҷикистон» таъсис дода шуд.           Бояд тазаккур дод, ки соҳаи занбӯриасалпарварӣ яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад мебошад,ки барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мавқеи хоса дорад.

Сентябрь 2, 2008 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар