БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРӢ ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ҶИНОЯТКОРӢ

Сентябрь 12, 2008 12:03

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Маскав маҷлиси роҳбарони мақомоти кории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки тадбирҳои ҳамкориро дар мубориза ба муқобили ҷиноят амалӣ месозанд. Дар маҷлис раиси он интихоб карда, лоиҳаи низомномаи маҷлис ва нақшаи фаъолияти он дар давоми ду соли оянда муҳокима карда мешавад. Нақшаи мазкур бо мақсади амалӣ сохтани барномаи рушди минбаъдаи ИДМ ва нақшаи тадбирҳои асосии дар амал татбиқ намудани он, барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштарак дар мубориза ба муқобили ҷиноят дар давоми солҳои 2008 – 2010 ва қарори машварати ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти интизомии мамлакатҳои ИДМ аз 26 апрели соли 2007 тартиб дода шудааст. Дар маҷлис роҳбарони мақомоти кории Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералӣ, Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсус, Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбон, Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявӣ ва андоз, Шӯрои роҳбарони мақомоти гумрук ва ғайра иштирок мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки маҷлисҳои мақомоти мутасаддии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза ба муқобили ҷиноят дар ИДМ аз соли 1997 гузаронида мешаванд.

Сентябрь 12, 2008 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид