БАРРАСИИ РӮЗНОМАИ МАҶЛИСИ ШӮРОИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ

Сентябрь 16, 2008 11:09

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ имрӯз дар Минск лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ — ро баррасӣ менамоянд, ки 14 ноябр дар Кишинёв баргузор мегардад. Алҳол рӯзномаи маҷлис 34 масъаларо дар бар мегирад. Сарони ҳукуматҳои ИДМ аз ҷумла маҷмӯи тадбирҳои муштаракро барои таъмини бештари амнияти озуқа, самтҳои асосии рушди хизматрасонии байналмилалии нақлиёти автомобил, беҳтар сохтани фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавӣ, созишномаро дар бораи принсипҳои асосии сиёсати танзим ва назорати пул, ҳамкориро дар бораи ташкили низоми давлатии иттилоотии шиносномаю раводид, ҳамкориро дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши доруҳои қалбакӣ, лоиҳаи муоҳидаи мақоми қонунии кор ва буду боши коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳоро муҳокима менамоянд.

Сентябрь 16, 2008 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид