БАЪЗЕ МАМЛАКАТҲО ХАРИД ВА ИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ ХӮРОКАИ ШИРДОРРО АЗ ЧИН МАНЪ КАРДАНД
Сэул, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Евронюс).- Дар Куриёи Ҷанубӣ аз маводи хӯркаи ширдори аз Чин воридкардашуда моддаи химиявии меланин ёфт шуд, ки ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад. Мақомоти мамлакат фурӯши маҳсулоти аз Чин воридшударо манъ карданд. Тавре хабар дода шуда буд, дар баъзе мамлакатҳои Аврупо низ истеъмоли маводи хӯрокаи ширдори аз Чин воридгардида манъ карда шуд. Дар худи Чин аз истеъмоли маводи хӯрокаи ширдор зиёда аз 54 ҳазор кӯдак осеб дид. Мувофиқи маълумоти вазорати тандурустӣ айни ҳол қариб 13 ҳазор кӯдак дар шифохонаҳо табобат карда мешавад. Аз ин ҷумла 4 кӯдак вафот кард. Комиссияи Аврупо дастур дод, ки тамоми маводи хӯрокаи аз Чин воридшуда ҳааҷониба тафтиш карда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






