БИНОҲОИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД
Хоруғ, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев). – Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ободкорию бунёдкорӣ ба шарафи солгарди навбатии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон давом доранд. Дар ин ҷо сохтмони биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои илмӣ, маърифатӣ ва варзишӣ босуръат давом дорад. Сардори шӯъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаббат Раҳматов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар арафаи Иди истиқлолият аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи буҷети давлатӣ бинои омӯзишгоҳи касбҳои техникии деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон ва бинои мактаби миёнаи рақами 35 деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим ба истифода дода шуданд. Дар рӯзи Иди истиқлолият бинои мактаби миёнаи рақами 34 – уми деҳаи Баравни ноҳияи Ванҷ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. То охири моҳи сентябр биноҳои мактаби миёнаи рақами сеюми деҳаи Намадгут ва деҳаи Систи ноҳияи Ишкошим, мактаби миёнаи рақами 30 – юми деҳаи Чихоҳи ноҳияи Ванҷ, мактаби деҳаи Нисури ноҳияи Рӯшон ва бинои маркази саломатии деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон ба истифода дода хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






