БОЗДИДИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ АЗ ВОДИИ РАШТ
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз 2 то 4 сентябри соли 2008 вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов ва гурӯҳи мутахассисони вазорат барои шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои табобатӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо ба ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол анҷом доданд. Бояд гуфт, ки Маркази идораи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон бо маблағи Бонки Рушди Осиё шӯъбаи бемориҳои дохилии Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, Бунгоҳи саломатии деҳаҳои Дашти Рашт, Шоиндара ва Маркази саломатии деҳаи Ҳичборакро сохта ба истифода дод. Барои сохтмони ин муассисаҳои тиббӣ қариб 115 ҳазор доллари ИМА сафар шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии Маркази мазкур дар ноҳияи Рашт Маркази байниноҳиявии таълимӣ — клиникии тиббӣ, ки дорои мебелу таҷҳизоти замонавӣ мебошад, барои бозомӯзии мутахассисони тибби оилавӣ аз ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол ба фаъолият шурӯъ намуд. Вазир зикр намуд, ки вазорат ва мутахассисони он минбаъд ҳам ба муассисаҳои тиббии минтақа ёри хоҳанд расонд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






